Аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон соли 2023-юм нисбати 291 ронандаи воситаҳои нақлиёти гаронвазн санади маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 989 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима шуданд.

Сардори Раёсати мазкур Шафизода Исроил дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки  аз ин мошинҳо 791 тонна бор фароварда шудаааст. Иттилоъ дода шуд, ки нисбати 3897 нафар ронандаи воситаҳои нақлиёти боракаш барои бе пардаи ҳимоявӣ кашонидани бор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба андозаи 2 то 3 нишондиҳанда ҷарима карда шудаанд.

Гуфта шуд, ки ҳамчунин дар ин сол нисбати 700 ронандаи воситаҳои нақлиёти мусофиркаш барои бе иҷозатнома ва  риоя накардани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба судҳо ирсол карда шудааст.

Шарифзода Исроил афзуд, ки дар соли гузашта нисбати 11 шахси ҳуқуқӣ ва мансабдори  ҷамъиятҳои нақлиётӣ барои риоя накарани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ба иттилои ӯ дар умум аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар 8410 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони мансабдору воқеӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 2 миллиону 111 ҳазору 92 сомонӣ чарима карда шудаанд, ки ин нишондод нисбати соли 2022-юм 1328 адад зиёд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь