22-юми феврали соли 2018, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи номаълум, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Абайи шаҳри Душанбе, дар болои гузаргоҳи танзимшаванда ќоидаҳои бехатарии харакат дар роҳро дағалона вайрон карда, пиёдагардони хурсдол Норов Ҳамза Акрамович соли таваллудаш 2008 ва Норова Дилноза Саидмуродовна соли таваллудаш 2007 сокинони пойтахтро пахш кардааст.

Мутаассифона, пиёдагардони хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.

Бо гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир шуд. Муайян гардид, ки ин ҷиноятро ронандаи автомашинаи тамғаи “Ауди” бо рақамҳои давлатии бегона 8867АТ 07 ва бе шаҳодатномаи ронандагӣ шаҳрванд Шарифов Маъруф Давлатмамадович соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе содир кардааст. Нисбати ронандаи фирорӣ барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ маводҳои аввалиндараҷа тартиб дода шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь