Нашрияи испании As навишт, ки ҳуҷумкунандаи клуби шоҳонаи «Реал»-и Мадрид португалӣ Криштиану Роналду бо анҷоми мавсими феълии футбол – 30-юми июн ният дорад, ки ин дастаро тарк кунад.

Бино ба иттилои ин манбаъ, Роналду аллакай тасмимашро ба президенти «Реал» Флорентино Перес эълом кардааст, аммо дуюмӣ дар навбати худ намехоҳад, португалиро, ки то соли 2021 шартнома дорад, аз даст диҳад. Ҷуброни лағви қарордод як миллиард евро муайян шудааст.

Роналду чунин ақида дорад, ки ӯро дар ин клуб ба таври бояду шояд қадр намекунанд. Вай аз он, ки даста кӯшиши ба даст овардани Килиан Мбапперо кард, ранҷидааст.  

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь