Криштиану Роналду, ҳамлавари марказии мунтахаби Портуғол (Португалия), баъди бохт аз дастаи Марокаш дар Ҷоми ҷаҳон фикри худро баён намуд. Ин ситораи футбол дар шабакаи расмии Инстаграмми худ навишт, ки “пирӯзӣ дар Ҷоми ҷаҳон орзуи бузургтарини ман буд!”.

“Унвонҳои зиёдро соҳиб шудаам, вале ба даст овардани қаҳрамонии ҷаҳон, баҳри кишвар ва ҳамватанону мухлисонам, орзуи бузурги ман буд. Барои бароварда кардани ин орзуям хеле талош кардам, мубориза бурдам. Дар 5 Чемпионати ҷаҳон, ки иштирок намудам, ҳамдастаҳоям, миллионҳо ҳамватан ва мухлисонам паҳлуи ман буданд. Тӯли ин солҳо ҳеҷ гоҳ аз мубориза рӯй нагардонидам ва аз ин орзуи худ даст накашидам. Баъди бохти тими миллӣ дар бораи ман бисёр гуфтанду навиштанд, аммо садоқати ман ба тими худ – мунтахаби Портуғол кам намешавад. Ҳамеша барои ҳадафи бузург ва барои ҳамтимону ҳамватанонам мубориза мебурдам ва мебарам. Ташаккур, Портуғол, ташаккур, Қатар. Ҳамааш гуворо буд!”, навиштааст, Роналду дар шабакаи иҷтимоии Инстаграмми худ.

Маврид ба зикр аст, ки дар даври ¼ ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2022 мунтахаби Портуғол аз тими миллии Марокаш бо натиҷаи 1-0 шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд. Мунтахаби Марокаш ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт. Ҳамчунин, мунтахабҳои Фаронса, Крувосӣ (Хорватия) ва Оржентин (Аргентина) низ ба даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2022 роҳ ёфтанд.

Ёдовар мешавем, ки Криштиану Роналду миёни футболбозони сайёра бо задани голи бештар дар тими мунтахаб зинаи аввалро касб кардааст. Ин футболбоз дар ҳайати мунтахаби Портуғол ба задани 118 гол даст ёфтааст. Роналду аз соли 2006 дар панҷ Чемпионати ҷаҳон иштирок кардааст, ки ин рекорд ба ҳисоб меравад.

Давлати Абдулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь