Аз ҳисоби Вазорати нақлиёт, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон давоми  9 моҳи соли ҷорӣ беш аз  24 киломтер роҳҳои мошингарду пулҳо бо харҷи зиёда аз 10 миллион сомонӣ аз таъмири асосиву ҷорӣ бароварда шуданд.

Муовини сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Набифон Ёқубов зимни  тасдиқи ин хабар гуфт, ки аз ҳама зиёд бо дастгирии соҳибкорон дар минтақа роҳу пулҳо таъмир шуданд.

– Дар ин давра аз ҳисоби соҳибкорон 19,01 киломтер роҳ таъмири асосӣ, 49,6 километр таъмири ҷорӣ ва 208 киломтери дигар сангфарш карда шуданд, – илова кард ӯ ва афзуд, ки дар ин баробар 41 пул бо дарозии 469 метр таъмир шудаву 14 қубур бо дарозии 279 метр нав карда шуд. – Маблағи харҷшуда дар таъмири роҳу пулҳо ва қубурҳо аз ҷониби соҳибкорон  7 миллиону 377 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, – гуфт номбурда.

Зикр шуд, ки аз ҳисоби Вазорати нақлиёт барои таъмиру нигоҳдори роҳҳо  дар ин давра 1 миллиону 785 ҳазору 680 сомонӣ ва аз буҷети мақомотҳои маҳаллӣ наздики  1 миллиону 136 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки бо ин маблағҳо 5,8 километр роҳ мумпӯш, 9,5 шағалпӯш, 1 ҳазору 257 киломтер таъмири ҷорӣ, 19 пулу 18 қубур таъмир карда шуда, 241 аломати роҳ насб карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь