Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон роҳҳои харобгаштаи маҳаллӣ ва байналмилалӣ, пулҳо ва қубурҳо  бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ таъмиру бозсозӣ шуданд.

Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Талбӣ Мирзоев ба “Фараж” хабар дод, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар 532 ҳазору 347 сомонӣ, мақомоти маҳаллӣ 22152 сомонӣ, соҳибкорон, шахсони саховатманд ва дигар сарчашмаҳо 1 миллиону 720 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳо маблағгузорӣ карда шудаст, ки бо ин маблағҳо  наздики 4 км роҳ таъмири асосӣ ва даҳҳо километр роҳ таъмири ҷорӣ ва сангфарш карда шудаанд.

Гуфта шуд, ки дар ин баробар пулҳои мошингузар, қубурҳо таъмир шуда, аломатҳои роҳ насб карда шудаанд.

Итилоъ дода шуд, ки дар мувозинаи муассисаи мазкур  284, 2 км роҳ  мавҷуд аст, ки аз он 45,1 км роҳҳои байналмилалӣ боқи роҳҳои маҳаллӣ  мебошанд.

– Барои  бе мушкил сипарӣ намудани фасли зимистон ва мунтазам ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт 183 тонна маводи зидди лағжиш, 840 кг намаки техникӣ захира карда шуда, техникаҳои роҳдорӣ пурра омода ҳастанд, – гуфт Талбӣ Мирзоев

Гуфта шуд, ки мушкили асосӣ дар маркази ноҳия кор накардани чароғаки роҳнамо аст, ки он ҳам рӯзҳои наздик роҳи ҳаҳли худро пайдо хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь