Роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ки аксараш таъмирталаб буданд, аз ҳисоби Ҳукумати кишвар, Вазорати нақлиёт, мақомоти маҳал ва соҳибкорон бо харҷи 613 ҳазор сомонӣ таъмиру босозӣ шуданд.

Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Раҷабалӣ Муродов ба “Фараж” хабар дод, ки бештари роҳҳои мошингарди ноҳия ба таъмир ниёз доранд.

-Дар 7 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи Вазорати наклиёти кишвар барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо  беш аз 101 ҳазор сомонӣ чудо гардида,  маблағҳои ҷудошуда  ба пуррагӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард сарф карда шудааст,-илова мавсуф.

Ба иттилои ӯ аз тарафи дирексияи сохтмони Вазорати нақлиёт роҳи мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи ноҳияи Ҷомӣ – Қизилқала бо дарозии 1070 метр ва паҳнои 6 метр пурра мумфарш карда шуда, аз тарафи дирексияи сохтмонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Рӯдаки-Ёвон-Ҷомӣ-Уялӣ дар ду минтақа бо дарозии 1750 метр роҳ пурра мумфарш карда шуд.

Номбурда гуфт, ки аз ҳисоби мақомоти маҳалии ноҳия барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ 272 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд, ки бо ин маблағ 10 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 24 км роҳҳои маҳаллӣ аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуданд.

Ҳамчунин бо дастгирии соҳибкорон бо харҷи 240 ҳазор сомонӣ роҳҳо таъмири асосӣ шуда, айни замон таъмир дар роҳҳо идома дорад.

Раҷабалӣ Муродов, қайд кард, ки дар мувозинаи муассиса 227,6 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд мебошад, ки аз он 45,5 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 182,1 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта аст.

– Мо нақша дорем дар доираи  ҷашни 35-солагии истиқлоли далвалтии кившар ҳамаи роҳҳоро аз таъмири ҷорӣ ва асосӣ барорем,-гуфт Раҷабалӣ Муродов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь