Президенти кишвар дар идомаи сафари кории худ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Дӯстӣ  рафт ва аз пахтазори ҶСП “Ҷунтай-Хатлон Син Силу”  дидан кард.

Дар ин ноҳия, ки самти асосии фаъолияти сокинонаш кишоварзӣ аст, нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Нури Вахш аз ҳолати нашъунамои пахтазори Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” боздид ба амал оварда, оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла коркарди саривақтии байни қаторҳо ва таъмин бо нуриҳои минералӣ ба хоҷагидорон маслиҳатҳои муфид дод.

Дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҶСП “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ дар оянда боз 500 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.

Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ аз  хоҷагии деҳқонии “Ашӯрбек-2012”-и ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз  дар хоҷагии мазкур ба кишти такрории шолӣ оғоз бахшида, бо саҳмдорон ва дигар шолипарварони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Ҳамчунин Пешвои миллат  дар ноҳияи Дӯсти бо фаъолияти саҳмдрони хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ шинос шуда, ба ҷамъоварии ангури пешпазак оғоз бахшиданд.

Ҳоло сафари кории Роҳбари давлат дар шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь