Субҳи имрӯз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷом додани сафари корӣ ба як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷайҳун сафар кард.

Президенти  кишвар дар ин сафари кории худ  дар маркази ноҳияи Ҷайҳун нахуст Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барафрохт. Мувофиқи лоиҳа дарозии сутунпояи Парчам 50 метрро ташкил дода, матои он 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Ҳамзамон Президент  бо мақсади арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар назди Нишони давлатӣ гулчанбар гузошт. Дар асоси лоиҳа сутунпояи Нишони давлатӣ бо баландии 21 метр ва унсури муосири меъморӣ қомат афрохтааст.

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Эмомалӣ Раҳмон бо Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказ риии ноҳия шинос шуд. Ҳамчунин сарвари давлат аз хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол»-и ноҳияи Ҷайҳун боздид кард. Дар идома аз рафти кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун дидан кард.

Ҳоло сафари кории роҳбари давлат дар вилояти Хатлон идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь