Дирӯз  дар шаҳри Бохтар ҷаласаи васеи бошгоҳи футболи «Вахш» баргузор шуд, ки дар он роҳбарияти нави ин дастаи футбол муаррифӣ шуд.

Зайнулло Шарифзода президенти нави «Вахш» гардид. Мутахассиси маъруф Муҳсин Муҳаммадиев ба ҷойи Исроил Шарифов, ки давоми 30 сол дар бошгоҳи мазкур кор мекард, директори дастаи «Вахш» таъйин шуд. Ба Исроил Шарифов барои корҳои анҷомдодааш аз номи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Сипоснома тақдим гардид.

Роҳбарияти нави «Вахш» дар назди даста вазифа гузошт, ки ба Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон баргардад ва анъанаҳои бошгоҳ – мубориза бурдан барои ҷоизаҳо ва омода кардани бозигарон барои дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро идома диҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь