Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» аз 17-уми ноябр боз ҳам арзиши роҳкирои самти парвози Душанбе-Тошканд ва Душанбе-Тошканд-Душанберо коҳиш додааст.
Намояндаи ин ширкати ҳавпаймоии Ӯзбекистон Ориф Рӯзимуродов ба АИ «АП» гуфтааст, ки арзиши роҳкиро ба як самт 676,5 сомонӣ (65 евро) ва дар хатти парвози рафту баргашт 1353 сомонӣ (130 евро) аст. Гуфта мешавад, коҳиш додани арзиши роҳкиро дар ин самт маротибаи сеюм аст, ки амалӣ мешавад. Аввалин хатти парвози доимии Тошканд-Душанбе-Тошканд 11-уми апрел ба роҳ монда шуда буд, ки арзиши роҳкиро ба як самт 1230 сомонӣ (140 доллар) буд. Дар миёнаҳои моҳи октябр «Ӯзбекситон ҳаво йуллари» нархи роҳкироро коҳиш дод ва он ба 910 сомонӣ ба як самт ва 1585 сомонӣ барори рафту баргашт шуд.
«Ӯзбекситон ҳаво йуллари» ҳар ҳафта як маротиба ба пойтахти кишвари мо парвоз анҷом медиҳад, ки рӯзҳои сешанбе аст ва ҳавопаймоҳои А320 хизмат мерасонанд.