Роҳандозии тарифҳои нави ҳамлу нақли мусофир дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби шаҳрдории пойтахт то 1-уми март мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора раиси шаҳри Душанбе пас аз вокуниши сокинони шаҳр ба боло рафтани роҳкиро тасмим гирифтааст.
Як манбаъ аз ҳукумати шуҳри Душанбе ба АИ «АП» гуфтааст, ки роҳандозии тарифҳои нав аз 20-уми феврал дар байни ронандаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва мусофирон нофаҳмиҳо ба вуҷуд овардааст. «Бо ин далели, тасмим гирифта шуд, ки тағйир додани тарифҳо то 1-уми март мавқуф гузошта шавад. То ин муддат шаҳрдорӣ, ширкатҳои нақлиётӣ байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд ва вазъ бори дигар мавриди омӯзиш қарор мегирад», – гуфтааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки шаҳрдории Душанбе аз 15-уми феврал қароре ба тасвиб расонида буд, ки мувофиқи он ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути автобусҳо -1,20 (як сомонию бист дирам); троллейбусҳо -1,00 (як сомонӣ); автобусҳои хурдғунҷоиш (микроавтобусҳо) -1,60 (як сомонию шаст дирам); автобусҳои бо реҷаи экспресс фаъолияткунанда – 1,50 (як сомонию панҷоҳ дирам); автобус ва троллейбусҳо бо кортҳои кутоҳмуҳлати пардохти зудамал (QR-Kod) барои 4 ва 8 сафар – мутаносибан бо арзиши 5 (панҷ) ва 10 (даҳ) сомонӣ муқарар гардида буд.