Тоҷикистон анъанаи иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии нахи Истанбулро идома медиҳад. Бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар минтақа имсол аз 1-ум то 3-юми июн баргузор мешавад.

Шаш корхона аз Тоҷикистон: “Ваҳдат Текстил” (Душанбе, Кӯлоб, Ёвон), “Косибон” (Хуҷанд), “Лидер” (Хуҷанд), “Ноҳид” (Истаравшан), “Раҳимов А.А.” (Хуҷанд), ва “Ресандаи Қурғонтеппа” (Бохтар) ба намоишгоҳ барои боздид, омӯзиши равандҳои нав, харидории маводи хоми лозима ба монанди нахи омехта ва аксессуарҳо ва барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ рафтанд.

Намоишгоҳи байналмилалии нахи Истанбул ҳар сол мизбони зиёда аз 10 000 боздидкунанда аз тақрибан 80 кишвари ҷаҳон буда, пешсафони соҳаро, ки бозори байналмилалии риштаро муайян мекунанд, гирд меорад. Дар он, ки ҳамчун “қалби саноати ришта дар АвруОсиё” шуҳрат ёфтааст, садҳо навъи риштаву ресмонҳои табииву сунъӣ, ба монанди риштаи пахтагин, пашмин, абрешимӣ, эластан, акрил, вискоза ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ, махсусан, ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия, ки яке аз бозорҳои асосии содиротӣ барои нахи Тоҷикистон мебошад, ва кишварҳои дигар намоиш бидиҳанд. Сар аз соли 2012, 17 ширкат аз Тоҷикистон, баъзеҳо то ҳашт бор, дар ин намоишгоҳ иштирок кардаанд.

Абдурауф Пӯлотов, муовини сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳайатро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад, бар ин бовар аст, ки “намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ба ширкатҳои ресандагии Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридотӣ, ва тоҷирон робита барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳоро кашф кунанд”.

Аъзои ҳайати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ имкониятҳои навро барояшон боз мекунад. Баҳодур Менглиев, мушовир доир ба мудирияти ширкати «Ваҳдат Текстил»: “Мо барои ҳаштумин бор дар ин намоишгоҳ иштирок мекунем. Иштирокҳои қаблӣ дар ин намоишгоҳ ба мо имкон дод, то бо ширкатҳои хориҷӣ қарордодҳои тиҷоратӣ бандем. Ин бор ба ҳайси меҳмон рафта, ният дорем, то тамосҳои тиҷоратии нав барқарор намоем, имконияти хариди ашёи хом ва аксессуарҳоро баррасӣ кунем ва ҳузури худамонро дар бозорҳои минтақавӣ таҳким бахшем”.

Ҷиҳати тақвияти тавоноии ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар самти рушди маҳсулот ва бозорёбӣ, МТБ ва GIZ ба онҳо барои омодагӣ ва иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ёрӣ медиҳанд. Иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои ҳамкори лоиҳа ҷиҳати рақобатпазирии бештар дар бозорҳои минтақавӣ, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумоти нав доир ба соҳа ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад.

Сафари корхонаҳои Тоҷикистон ба намоишгоҳи Истанбул дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ (маблағгузор: Ҳукумати Швейтсария) ва “Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот”/“Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ” (IRDP)/(TRIGGER) аз Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH (маблағгузорон: Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ), баргузор мешавад. Сафари мазкурро ҳамкорони МТБ дар Тоҷикистон – ширкатҳои консалтингии “ACT Development Group” ва “Business Consulting Group” омода карданд ва дар ҷараёни он ҳайатро ҳамроҳӣ мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь