Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA ҷойи худро иваз кард ва аз мавқеи 140-ум ба зинаи 123-юм баромад. Ин моҳ футболи Тоҷикистон дар ҳисоби худ 255 имтиёз дорад ва бо ин 17 зина боло рафтааст.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар байни дастаҳои Осиё се зина боло рафта, ҳоло дар ҷойи 22-юм қарор дорад. Дар Осиё зинаи якумро Эрон (ҷойи 34-ум дар ҷаҳон, 784 имтиёз), дуюмро Австралия (ҷойи 43-юм, 714 имтиёз), сеюмро  Япония (ҷойи 44-ум, 711 имтиёз) соҳиб шудаанд.

Дар рейтинги ҷаҳонӣ Олмон бо 1631 имтиёз якум, Бразилия бо 1619 имтиёз дуюм, Португалия бо 1446 имтиёз сеюм ҳастанд. Даҳгонаи дастаҳои беҳтаринро Аргентина, Белгия, Полша, Фаронса, Испания, Чилӣ ва Перу пурра кардаанд.

Вохӯрии навбатии худро шогирдони Ҳаким Фузайлов дар доираи вохӯриҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 14-ум ноябр дар майдони худ бо дастаи мунтахаби Яман, ки дар рейтинги FIFA дар ҷойи 112-ум аст, мегузаронанд.

Рейтинги навбатии FIFA 23-юми ноябр нашр мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь