22-юми март Рӯзи байналхалқии ронандаи таксӣ қайд карда мешавад. Хадамоти фармоиши таксӣ “Максим” таҳлил карда, ки ронандагон кадом мошинҳоро меписанданд ва рейтинги мошинҳои машҳуртаринро тартиб додааст.

Таърихи ид 22-юми марти соли 1907, вақте ки ба роҳҳои Бритониё мошини аввалин бо таксометри дарунсохт баромада буд, оғоз ёфтааст. Ин санаро ба сифати нуқтаи оғози мавҷудияти кори ронандаи таксӣ қабул карданд.

Писандидатарин мошин барои таксӣ дар Тоҷикистон – Opel Astra аст. Дар сари чамбараки ин авто 39,1% ронандаҳоро дида метавонед. Автомобили дуюм аз рӯи машҳурӣ боз ҳам ҳамин тамға, Opel Zafira гардид. 16,6% ронандагон дар кор ин мошинро аълотар мешуморанд. Дар охири сегонаи пешсафон Opel Vectra меистад. Ин автомашинаи оилавиро барои кор 9,8% ронадаҳои таксӣ интихоб мекунанд. Ҳамагӣ автомобилҳо ин тамғаи олмониро бештар аз 60% ронандагон интихоб карданд.

Рейтинги пурраи автомобилҳои машҳур чунин аст:

Opel Astra – 39%

Opel Zafira – 17%

Opel Vectra – 10%

Mercedes C-class – 6%

Hyundai Avante – 6%

Mercedes E-class – 2%

Daewoo Nexia – 1%

Toyota Verso – 1%

Toyota Avensis – 1%

BYD E2 – 1%

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь