Ҳукумати “Толибон” бар хилофи интизорӣ ва тақозои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҳамсоя пурра аз намояндагони ин гуруҳ таркиб ёфтааст. Тоҷикистон пештар ҳушдор дода буд, ки ҳукумати ба ин шева ташкилшударо эътироф намекунад. Оё Душанбе воқеияти навро мепазирад ва бо ҳукумати “Толибон” чӣ гуна муносибате метавонад дошт?
Ҳайати нави ҳукумати “Толибон”-ро сухангӯйи ин ҳаракат, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, 7-уми сентябр эълон кард. Тибқи ин таъинот, ҳама вазоратҳои калидӣ дар миёни чеҳраҳои “Толибон” тақсим карда шудааст, ки бархеи онҳо барои амалҳои террористӣ то ба ҳол дар ҷустуҷӯйи байналмилалӣ ҳастанд.
Таъсиси ҳукумати “Толибон” дар пасманзари тазоҳуроти зиддитолибонӣ ва зидипокистонӣ дар баъзе аз шаҳрҳои Афғонистон ва бар хилофи интизориҳои бозигарони ҷаҳониву минтақаӣ дар бораи фарогир (ҳамашумул) будани ҳукумати нав сурат гирифт. Худи “Толибон” таъйинотро муваққатӣ меномад ва ваъда додааст, ки то ҳол дар бахше аз вазоратҳо шахсони калидӣ муқаррар нашудаанд.
Мухолифати Душанбе
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, мавқеи кишварро дар баробари ҳукумати “Толибон” рӯзи 8-уми сентябр дар як ҷаласаи онлайни вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон эълон кард. Ӯ гуфт: “Мо ҳеч ҳукуматеро, ки бидуни раъйпурсӣ ва бе ҳузури ҳамаи қавмҳо ташкил шудааст, эътироф намекунем.”
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон, низ ҳамин гуна изҳорот дода буд.
Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов таъкид мекунад, ки мақомоти Тоҷикистон барои тасмими ниҳоӣ бо назардошти вокуниши муттаҳидонаш дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) иқдом хоҳанд кард.
“Равобит дар ҳар сурат хуб нахоҳад буд, ҳатто агар ҳукумати “Толибон” эътироф ҳам шавад. Онҳо наметавонанд, аз гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ халос шаванд ва ба гумон аст, ки касе воқеан бо онҳо дӯстӣ кунад”, — тахмин мезанад коршинос.
Ҳамсояҳои “вафодор”?
Дар зимн, Тошканд мавзеъгирии дигаргуна кард ва аз таъсиси ҳукумати муваққатии “Толибон” истиқбол намуд. “Умед дорем, ин тасмим боиси ба даст овардани ризоияти васеи миллӣ, истиқрори сулҳу суботи устувор дар ин кишвар хоҳад шуд”, — омадааст дар баёнияи расмии Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон аз 8-уми сентябри имсол.
Тошканд омодагии худро барои “муколамаи созанда ва ҳамкории воқеӣ бо мақомоти нави давлатии Афғонистон” изҳор дошт. Чин низ омодагии худро барои муколама бо ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон эълон кард. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, Ван Вэнбин, 8-уми сентябр гуфт, Пекин умед дорад, ҳукумати “Толибон” алайҳи терроризм муқовимат хоҳад кард.
Сухангӯйи Кремлин, Дмитрий Песков, гуфт, Русия ҳоло қадамҳои нахустини ҳукумати нави Афғонистонро назорат хоҳад кард. “Барои мо муҳим аст, ки қадамҳои аввал ва минбаъдаи ин ҳукумат чӣ хоҳад буд ва дар Афғонистон чӣ чиз рух хоҳад дод”, — гуфт ӯ.
Котиби давлатии Амрико, Энтони Блинкен, таъкид мекунад, ки Иёлоти Муттаҳида ва зиёда аз 20 кишвари шарики он ба таври возеҳ изҳор доштаанд, ки мехоҳанд “Толибон” масъулиятҳои худро иҷро кунанд. “Мулоқоти судманде дар сатҳи вазирон дар мавриди Афғонистон баргузор шуд. Интизорем, ки “Толибон” масъулиятҳои ошкорои худро дар мавриди ташкили ҳукумати фарогир, роҳҳои амн, ҳуқуқи башар ва мубориза бо терроризм иҷро хоҳанд кард”, — навиштааст ин мақоми баландпояи Амрико дар Твиттер.
Душанбе равобиташро чӣ гуна роҳандозӣ хоҳад кард?
Ба қавли як сиёсатшинос аз Душанбе, равобит бо ҳукумати “Толибон” аз омилҳои зиёде вобаста хоҳад буд ва ҳоло мушахасс чизе гуфтан душвор аст. “Агар Толибон ният доранд, ки қудратро пурра ба даст гиранд, мо наметавонем, чун узбекҳо ё туркманҳо, бо ин созиш кунем ва аз мавқеи худ, ки дар 25 соли охир ҳифз шудааст, даст кашем. Агар муқовимат идома ёбад, шояд Тоҷикистон сиёсати худро дар баробари Афғонистон тақвият бахшад”, — мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Дар баробари таҳдидҳо, ба гуфтаи коршинос, имконоти хосе ҳам барои Тоҷикистон вуҷуд дорад: “Чину Покистон метавонанд, бунёди даҳлези нақлиётии Кулма-Ишкошим-Файзобод-Кобулро суръат бахшанд, ки бо Читрол мепайвандад ва барои мо фоидаи калони иқтисодӣ биёрад. Қаблан дар Кобул монеи ин тарҳ шуда буданд, аммо ҳоло калидҳои сиёсати Афғонистон пеши Покистон аст.”
Аммо талоши Душанбе барои рад кардани эътирофи “Толибон” ҳамчунин як имкони сиёсӣ барои раҳбарияти ҷумҳурӣ низ арзёбӣ мешавад.
“Барои Пешвои миллат эътирофи мутлақи “Толибон” ва ҳамбастагӣ бо тоҷикони Афғонистон фурсати тиллоӣ аст. Солҳост, ки ӯ наметавонист, таваҷҷуҳи ҷомеаро бар пояи миллатгаройӣ аз мушкилоти худи Тоҷикистон дур кунад”, — навиштааст коршиноси масоили Афғонистон, Александр Князев, дар Телеграм.
Ҳангоми суханронӣ дар як ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, нооромӣ ва фоҷиа дар Афғонистон натиҷаи мудохилаи хориҷӣ аст ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарро, ки ҳеч иқдоме барои ҳимоят аз мардуми Афғонистон намекунанд, танқид кард.
Таҳлилгари масоили сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов иқрор мекунад, ки Тоҷикистон метавонад, ба як пойгоҳи мухолифони зидди “Толибон” табдил ёбад. “Шояд Русия аз Тоҷикистон ба унвони пойгоҳи ғайрирасмии тамос бо мухолифини Афғонистон истифода барад. Аз як сӯй, ин рӯйкард амнияти манфиатҳои Русияро дар Афғонистон кафолат медиҳад, аз сӯйи дигар, тавозунро нигоҳ медорад ва имкон медиҳад барои тағйири вазъ омода бошад”, -мегӯяд сиёсатшинос.
Қаблан манобеи Радиои Озодӣ аз Афғонистон гуфта буданд, ки намояндагони муқовимати Панҷшер бо хадамоти махсуси Русия ва низомиёни ин кишвар дар тамос буданд ва бо онҳо дар Душанбе мулоқот карданд. Бо вуҷуди ин, Маскави расмӣ дар баробари ҳаводиси Панҷшер вокуниши қобили таваҷҷуҳе накардааст.
То кунун ҳеч кишвари ҷаҳон ҳукумати “Толибон”-ро дар Кобул ба расмият нашинохтааст.
Хурсанд Хуррамов,
бознашр аз «Радиои Озодӣ»