Иттифоқии рассомони Украина рассоми тоҷик Зокир Собировро барои  иштирок дар намоишгоҳи байналмиллаии “Ёдбуди А.И.Куинджи” ба таври арзанда қадрдонӣ кард.

Ӯ барои иштироки фаъолонааш дар ин намоишгоҳ, ки ба Архип Иванович Куинджи, рассоми машҳури рус, бахшида шуда буд, бо сертификати тиллоӣ сарфароз гардид.

Зокир Собиров то ин дам дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ кор карда, ҳоло ба ҳайси рассоми озод фаъолият мебарад. Ӯ узви Иттифоқи рассомони ИҶШС буда, ғолиби чандин фестивал-озмуни байналмиллалӣ аст.

Соли 2015 барои офаридани асар дар жанри параллелизм “Уқоби тиллоӣ”-ро соҳиб гашта, соли 2016 академики фахрии Академияи рассомони Русия интихоб гардидааст.

Зокир Собиров асосгузори ду равияи нав – “Нурворизм” (параллелизм) ва “Танворизм” (материализм) мебошад. Асарҳои ӯро дар осорхонаи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод дидан мумкин аст.

Амони Муҳаммад 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь