Мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний дар маҳбаси ислоҳӣ даргузашт, менависанд расонаҳои русӣ. Ба гузориши манбаи «Известия» далели марги ӯ лахташавии хун дар раг будааст.

Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Округи мухтори Ямало-Ненетс тавзеҳ медиҳад, ки Навалний пас аз сайру гашт худро бад ҳис кардааст. Ӯ аз ҳуш рафтааст ва ба ҷойи ҳодиса пизишкон, аз ҷумла мошини ёрии таъҷилӣ, омаданд. Ба Навалний чораҳои эҳёгарӣ гузарониданд, вале онҳо натиҷа надодаанд.

Алексей Навалний ҳукми худро дар деҳаи Харп адо мекард, ки ӯро аз вилояти Владимир ба онҷо интиқол дода буданд. Тибқи иттилои Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо, дар робита ба марги маҳкумшуда, комиссия аз ҳисоби роҳбарон ва кормандони воҳидҳои оперативӣ ва тиббии дастгоҳи марказии ин ниҳод ба мақомоти ҳудудӣ ва муассисаи мазкур тибқи муқаррароти Қонуни мазкур фиристода хоҳанд шуд.

Алексей Анатолиевич Навалний раҳбари гуруҳи мухолифи рус, ҳуқуқшинос, ходими ҷамиятӣ ва сиёсӣ, ки бо таҳқиқоти фасод дар Русия машҳур шудааст. Худро чун рақиби асосии сиёсати Русия бо раҳбарии Владимир Путин муаррифӣ мекард.

Аз моҳи ноябри соли 2013 Шӯрои марказии ҳизби сиёсии «Русияи оянда»-ро раҳбарӣ мекард. Дар моҳи декабри соли 2016 гуфт, ки мехоҳад дар интихоботи президентии Русия иштирок кунад, аммо 25 декабри 2017 КМИ сабтиномашро аз сабаби суд шуданаш рад кард.

Дар солҳои 2017-2018 ташкилокунандаи асосии ҳаракатҳои эътирозӣ дар Русия буд.

Додгоҳи Лефортовои Маскав рӯзи 22 марти соли 2022 Алексей Навалнийро дар парвандаи қаллобӣ ва таҳқири додрас Вера Акимова ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум ва ба пардохти 1,2 миллион рубл ҷарима муваззаф кард. Айбдоркунанда барои Навалний 13 соли зиндон хоста буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь