Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи шанбеи 2-юми апрел оғоз меёбад. Дар ин бора сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Афшин Муқим хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, фитри рӯза 7 сомонӣ (ба ҳисоби гандум) ва 80 сомонӣ (ба ҳисоби мавиз барои шахсони нисбатан доро) муқаррар шудааст.

Нисоби закот 35000 сомонӣ муайян шудааст, ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот пардохт мешавад. Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз аст.

Тақвими моҳи Рамазон, ки Шӯрои уламо тасдиқ кардааст:

Эзоҳ:
Тақвим мувофиқ ба шаҳри Душанбе гирифта шудааст.
Шаҳру ноҳияҳое, ки вақти онҳо пеш аз вақти шаҳри Душанбе аст: Истаравшан – 5 дақиқа, Кӯлоб – 5 дақиқа, Хуҷанд – 7 дақиқа, Рашт – 7 дақиқа, Конибодом – 9 дақиқа, Исфара – 9 дақиқа, Ашт – 9 дақиқа, Хоруғ – 12 дақиқа, Мурғоб – 20 дақиқа.
Шаҳру ноҳияҳое, ки вақти онҳо баъд аз вақти шаҳри Душанбе аст: Қурғонтеппа – 4 дақиқа, Панҷакент – 5 дақиқа, Шаҳритус – 5 дақиқа, Айнӣ – 5 дақиқа.
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь