Бо наздик омадани моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳои вилояти Хатлон, хоса шаҳри Бохтар, нархи як килограм гӯшт аз 65 ба 68 сомонӣ боло рафтааст.

Сулаймон Султонов, як корбари шабакаи Фейсбук, дар сайфааш чунин навистааст: “Бо омадани моҳи шарифи Рамазон нархи гӯшт дар бозори “Фаровон-Қӯрғонтеппа”-и шаҳри Бохтар аз 65 сомонӣ ба 68 сомонӣ расид…”

Аз тоҷирони бозори  “Фаровон-Қурғонтерпа”-и шаҳри Бохтар омили баланд шудани нархи гӯшро пурсон шудем. Аксари онҳо гуфтанд, одат шудаст, ки моҳи шарифи Рамазон фаро расид, нархи гӯшт якбора баланд мешавад: “Боз агар гӯшти хубтар хоҳед, нархаш 75 сомонӣ аст, гӯште, ки 68 сомонӣ аст, бо чарбу фурӯхта мешавад”.

Мардум дар моҳи шарифи Рамазон барои омода кардани хӯрок бештар гӯшт мехаранд, талабот ба гӯшт меафзояд ва тоҷирон низ нархи онро боло мебаранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки зимни нишасти хабарӣ  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, аз истеҳсоли барзиёди маҳсулоти  гӯштӣ дар вилояти Хатлон хабар дода буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь