Дар 9 моҳӣ соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати адлияи вилояти Хатлон ва идораҳои зертобеъи  он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят минёи аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо 2503 маротиба  суҳбату вохуриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри баланд бардоштани ҳуқуқу маърифтати шаҳрвандон  баргузор карда шудааст.

Сардори Раёсати мазкур Ҷиллазода Шарафҷон, иттилоъ дод, ки дар ин давра  оид ба фаъолияти тарғиботу ташвиқоти  ҳуқуқӣ,  фаҳмондадиҳии муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Барнома Консепсия ва  стратегияҳои давлатӣ 2 ҳазору 503 маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаст.

Гуфта шуд, ки аз ин шумора тавассути телевизион 180 маротиба, тариқи радио 598 маротиба, дар маҳали зисти аҳолӣ 428 маротиба ва дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳо 1 ҳазору 203 маротиба суҳбату вохӯриҳо гузаронида, 58 адад мақола дар рӯзномаю маҷалаҳо нашр шудааст.

Ҳамчунин дар доираи Шӯрои вилоятӣ аз ҷониби аъзоёни он мунтазам чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ, маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ гузаронда шуда, аъзоёни  Шӯро барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии вилоят чораҳои самаранок ва судмандро амалӣ намуда истодаанд,-илова кард ӯ.

Қайд гардид, ки дар Раёсат бо ташаббуси сардори Раёсат баҳри сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонӣ  бо маром идома дорад.

Ҳамин тариқ Раёсати адлияи вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуққуқии  ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатиро таъмин намуда, дар оянда низ, ваколатҳои худро устуворона амалӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки дар пешравии мақомоти адлия ва рушду нумӯи кишвар саҳмгузор бошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь