Субҳи рӯзи дуюми баргузории Конфронси байналмилалии “Самаранокии энергетикӣ дар Тоҷикистон: дурнамо ва мушкилоти он” меҳмонон ба Мактаби байналмилалии президентӣ ташриф оварданд. Дар Мактаби байналмилалии президентӣ сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Раймундас Кароблис ва муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳаммадзода бо хонандагони мактаб мулоқот намуда, дар бораи нақши онҳо дар ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи неруи барқ сухан намуданд.

Мактаби байналмилалии президентӣ “Беҳтарин мактаби истифодабарандаи сарфакоронаи қувваи барқ”, ки дар таҳқиқоти Лоиҳаи нави Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадааст, интихоб гардид.

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Раймундас Кароблис шаҳодатномаи Иттиҳоди Аврупоро ба директори Мактаби байналмилалии президентӣ барои интихоб гардидан ҳамчун беҳтарин муассисаи таҳсилотӣ дар сарфаи нерӯи барқ тақдим намуда, зимни мулоқот бо хонандагон нақши хонандагонро дар ҳифзи муҳити зист муҳим донист: “Чорабинии мазкур дар доираи “Ҳафтаи Дипломатияи сабз…”-и Иттиҳоди Аврупо ва Рӯзҳои Энергетикаи устувори байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад. Мо тӯли ҳафта талош мекунем, маърифати аҳолиро дар мавриди таъсир ба тағйири иқлим ва истифодаи сарфакоронаи энергия боло бардорем. Зеро тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист масълаҳои хеле муҳим ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, дар ҳифзи муҳити зист талабагон нақши муҳим доранд. Ҳамчунин, масъалаи истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ҳам муҳим мебошанд. Мо нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва ҳифзи муҳити зист дар саросари дунё хеле муҳим мешуморем. Биноан, мо бояд чунин талошу иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳифзи пиряхҳо ва муҳити зист идома диҳем. Идомаи кор аз ҳар яки мо вобастагӣ дорад ва аз инҷо шуруъ мегардад. Агар мо захираҳои табииро оқилона истифода набарем, он дар яке аз минтақаҳои ҷумҳурӣ кам гардида ва шояд ба дигаре аз минтақаҳо ҳатто нарасад.

Бояд гуфт, ки Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи энергия  ва баланд бардоштани самаранокии он идома медиҳад.

Замони он фаро расидааст, ки мо чунин шиорҳоро ҳар рӯз бояд тақвият диҳем. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни мактабҳо Мактаби байналмилалии презиентӣ, ки шумо таҳсил мекунед, ҳамчун “Беҳтарин мактаби истифодабарандаи сарфакоронаи қувваи барқ”  дониста мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яки шумо – хонандагони азизро, ки барои “беҳтарин” гардидани Мактаби байналмилалии президентӣ саҳм доред, самимона табрик мекунам. Ин, дар замони имрӯза яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Муборак бод”!

Мактаби байналмилалии президентӣ ҳамчун мактаби истифодабарандаи сарфакоронаи энергия дар асоси тадқиқ аз ҷониби лоиҳаи Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Интихоби мактаб дар асоси чанд меъёри сарфаи қувваи барқ, аз ҷумла синфи истифодабарандаи ками қувваи барқ, омодагии мактаб ба татбиқи таҷҳизотҳои нави каммасраф, саҳми омӯзгорон дар тарбияи хонандагон оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва аҳамияти онҳо ҷиҳати тағйири иқлим ва ҳифзи муҳити зист ва ғайра ба вуҷуд омадааст.

Дар идомаи суҳбат Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Раймундас Кароблис гуфт, ки чунин чорабиниҳо солҳои баъд низ ҳатман идома меёбанд: “Муборак бод. Умедворем, ки чунин чорабиниҳо солҳои баъд низ идома меёбанд ва шумо – хонандагони азиз барои ҳифзи муҳити зист дар ҳама ҷо – ҳам дар мактабу ҳам дар хона ва дигар маконҳо иқдом мекунед. Дар ин роҳ рафтори ҳар яке аз шумо нақши калидӣ мебозад”.

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Раймундас Кароблис дар чорабинӣ хабар дод, ки дар доираи лоиҳа як нафар намояндаи Мактаби байналмилалии президентӣ ба Ҷумҳурии Латвия барои омӯзиш даъват мегардад.

Дар доираи лоиҳа ҳамчунин, аз дигар давлатҳои минтақа, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон низ намояндагоне даъват мегарданд. Зимни сафари омӯзишӣ онҳо аз Гимназияи Огре, ки аз ҷиҳати сарфаи энергияи барқ дар Иттиҳоди Аврупо назир надорад, дидан карда ва дар он ҷо омӯзиш мегиранд.

Дар идома, муовини вазири энергетика ва захириҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳаммадзода дар мулоқот бо хонандагони Мактаби байналмилалии президентӣ ба роҳандозии лоиҳаи мазкур сипосгузорӣ намуд ва намояндагони мактабро ҷиҳати сазовор гардидан ба  “Беҳтарин мактаби истифодабарандаи сарфакоронаи қувваи барқ” табрик кард: “Мо аз он шодем, ки дар чорабии имрӯза сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, хонандагони азиз ва дигарон иштирок доранд.

Бояд қайд кард, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёди аз 5 ташаббуси ҷаҳониро ҷиҳати пешгирии тағйиёбии иқлим роҳандозӣ намуд, ки он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардида, аҳамияти ҷаҳонӣ касб кард. Ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи муҳити зисти дунё нақши муҳим доранд ва ҷиҳати нигоҳ доштани экосистема кумак мерасонанд. Аз фурсат истифода бурда аз номи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Мактаби байналмилалии президентиро ба сазовор шудан ба “Беҳтарин мактаби истифодабарандаи сарфакоронаи қувваи барқ”,  табрик менамоям.

Таъкид менамоям, ин ташаббуси Иттиҳоди Аврупо албатта барои табодули таҷриба, беҳтар намудани самаранокии энергетикӣ ва ҳифзи муҳити зист нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, аз номи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро барои роҳандозӣ ва дастгирии лоиҳаи мазкур сипосгузорӣ менамоям”.

Бояд ёдовар шуд, лоиҳаи нави Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ бо мақсади мусоидат ба тавозуни устувори энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мутобиқи таҷрибаҳои беҳтарини Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад. Лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани тафаккури аҳолӣ баҳри истифодаи энергия ва самаранокии он, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва тағйирёбии иқлим чунин иқдомҳоро амалӣ мекунад.

Конфронси байналмилалии “Самаранокии энергетикӣ дар Тоҷикистон: дурнамо ва мушкилоти он”, дар доираи лоиҳаи Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ рӯзҳои 25-26-ум октябр бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи самаранокии энергия, энергияи барқароршаванда ва тағирёбии иқлим, аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар конфронс коршиносони соҳаи энергетика, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин, ҷавонон ва хонандагон иштирок намуданд.

Қосимӣ М.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь