Раисони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дар рӯзи таҷлили 32-солагии истиқлоли давлатии кишвар собиқвдорони меҳнатро аёдат ва ба онҳо кумак карданд.

Бахшида ба 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим ва роҳбарияти ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин5 собиқадори меҳнат, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ меҳнати софдилона намудаанд, аёдат шуданд.

Вазири маориф  Саидзода Раҳим ва роҳбарияти ноҳия онҳоро аз номи Пешвои муаззами миллат бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуда, ба онҳо тансиҳатӣ ва рӯзгори осудаю ободро таманно кард.

Ҳамчунин дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати  собиқадорон рафта  ба онҳо кӯмаки молию моддӣ расониданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь