Имрӯз раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Файзулозода Зафар аз вазифааш озод шуд. Дар қатори ӯ раисони ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе, Шуғнони ВМКБ ва Мастчоҳи вилояти Суғд низ курсиашонро тарк карда, ба вазифаи дигар гузаштанд.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён хабар доданд, ки Файзулозода Зафар имрӯз, 13-уми январ, бо фаромони Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод карда шудааст.

То ҳол маълум нест, ки ба ҷойи ӯ кӣ раиси ноҳияи Қубодинён таъйин шудааст.

Чанде пеш раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо сабаби раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъйин шуданаш, аз мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод гардида буд.  Бо фармони дигари Президенти кишвар  Неъматзода Маликшо Маҳмадшо иҷрокунандаи  раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъйин карда шуд.

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ дар шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтааст. Дар ин бора вебгоҳи расмии президент хабар медиҳад.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Сӯҳроб аз вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон озод гардида, Ализода Назирмад ба ин вазифа таъйин гардидааст. Раисони ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе, Қабодиёни вилояти Хатлон, Шуғнони ВМКБ ва Мастчоҳи вилояти Суғд бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод гардида, ба ин вазифаҳо ҷавонони кордону мутахассисони варзида таъин гардидаанд.

Мирзозода Низом бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардидааст.

Дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Прокуратураи генералӣ дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст, ки тафсилоташ расонаӣ нашуд.

Дар акс Файзулозода Зафар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь