Имрӯз бо иштироки сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти иҷроияи вилояти Суғд маросими муаррифии раиси нави вилоят баргузор гардид.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сабаби расидан ба сиини нафақа аз вазифаи раиси вилояти Суғд озод карда шуда, бо фармони Президент Раҷаббой Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъйин карда шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Аҳмадзода аз моҳи марти соли 2016 дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замин ва геодезия кор мекард. Пеш аз ин раиси шаҳри Хуҷанд – маркази маъмурии вилояти Суғд, низ буд.
Блоки рекламавӣ