9-юми феврали соли 2024 раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар нақшаи баҳори соли 2023 шинондани 13,3 ҳазор бех дарахти гуногун тасдиқ гардида буд, ки дар натиҷа 20,8 ҳазор бех дарахт, аз ҷумла 5,9 ҳазор бех мевадиҳанда, 3,4 ҳазор бех нихоли сояафкан, 10,7 ҳазор бех нихоли ороиши дар ҳудуди ноҳия шинонида шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 1000 бех дарахт зиёд мебошад.

Айни замон дар мавзеъҳои талу теппаҳои ҳудуди ноҳия бо ҷалби сокинони ноҳия зиёда аз 8420 бех дарахти ҳамешасабз ва мевадиҳанда бо риояи қойдаҳои агротехникӣ шинонида шуд.

Раис гуфт, ки аз тарафи муассисаи давлатии Раёсати ободонӣ ва кабудизоркунӣ аз тирамоҳи соли 2022 ва соли 2023 ба миқдори 2,6 хазор бех дарахти ороишӣ, 15,8 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ, 5,0 ҳазор дона тухми гули лола дар ҳудуди ноҳия ва мавзеъҳои муайянгардидаи шоҳроҳ шинонида шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь