Раиси суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз ҷониби раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилоят боздошт шудааст. Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон ба гирифтани 122 ҳазор сомонӣ дар чанд ҳолат гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои манбаъ аз ниҳоди мазкур, боздошти раиси суди ноҳияи Панҷ Абдураҳмонзода Б. С. нисфирӯзии 25-уми январ дар утоқи кориаш ба вуқуъ пайвастааст. “Ӯро шаб дар боздоштгоҳи раёсати Агентии мазкур нигоҳ дошта, субҳи имрӯз ба шаҳри Душанбе интиқол доданд”, – гуфт манбаъ.

Агентӣ кирдорҳои Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумронро бо моддаҳои “Гирифтани пора” (319 қ.3) ва “Сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ” (314 қ.2)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ банду баст ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Ёдовар мешавем, ки қонун дар қисми 3, моддаи 319 ба мансабдорони давлатие, ки аз ҷониби суд дар гирифтани пора гунаҳгор дониста мешаванд, аз 5 то 10 сол, бидуни ҳақи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати аз 3 то 5 сол ва дар қисми 2-и моддаи 314 кодекси мазкур ҷарима ба андозаи аз 547 то1092 нишондиҳанда ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол, бидуни ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол, ҷазо муқаррар кардааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 72 сомониро ташкил медиҳад.

Раиси ҳамакнун собиқи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Абдураҳмонзода Б. С. соли 2018 ба вазифаи мазкур таъйин шуда буд. Номбурда то он дам ба ҳайси судя дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор мекард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь