Дирӯз, 2-юми август, раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки ширкатҳои сохтмонии шаҳр, ширкати алюминийи тоҷик зиёда аз 20 млн сомонӣ аз буҷаи маҳаллӣ қарздоранд.

– Аз ҳамин лиҳоз, иҷрои буҷа пурра иҷро нашуд. Мо бо роҳбарияти Ширкати алюминийи тоҷик вохӯрӣ гузаронидем. Аз ҷониби роҳбарияти ширкат ваъда доданд, ки ҳамаи норасоиҳоро дар ин самт бартараф хоҳанд кард,- афзуд раиси шаҳр.

Акрамзода ҳамзамон гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ 1 млрд 790,9 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 185 млн сомонӣ зиёд аст.

Дар ин давра соҳаи саноат 7,1 дарсад, кишоварзӣ 10,6 дарсад, сохтмон 2,6 дарсад, хизматрасонии пулакӣ 4,7 дарсад афзоиш ёфтааст.

Буҷаи шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 98,2 дарсад иҷро гардида, барои пардохти музди меҳнат ва моддаҳои ҳимояшавандаи буҷа равона гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь