Шоми дирӯз раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлисии Ҷумҳурии Узбекистон Нурдинҷон Исмоилов  бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ Олим Салимзода ва масъули раёсати ташрифоти давлатии вазорати корҳои хориҷӣ истиқбол гирифтанд. 

Дар доираи сафари расмияш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлисии Ҷумҳурии Узбекистон Нурдинҷон Исмоилов  бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот мекунад.

Ҳамчунин дар назар аст, ки  Нурдинҷон Исмоилов  аз Осорхонаи миллӣ, толорҳои «Кохи Наврӯз», корхонаи саноатии «Ноқилии Талко», неругоҳи барқи обӣ ва обанбори Норак, китобхонаи шаҳри Норак, боғи дӯстии Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь