14-уми август раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки ноҳияи Варзоб аз ноҳияҳои сайёҳии кишвар аст.

Ба гуфтаи Дамонзода, як ҳафта қабл муовини раиси ноҳия дар самти сайёҳӣ таъин карда шудааст.

– Мо тасмим дорем, ки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ, дар мавзеъҳои зебоманзари ноҳия, шароити мусоид фароҳам орем. Масъалаи хизматрасонӣ оид ба донистани хатсайр дар деҳаҳои ноҳияро низ ба инобат гирифтем. Аз ҷумла, дар деҳаи Фанфароқ , ки аз дар маркази ноҳия 8 км-ро дар бар мегирад, як шаршараи зебо аст. Ин хатсайр барои пиёдагардӣ ва саёҳат бисёр хуб аст. Инчунин, барои сокинони шаҳр, ки хаста мешаванду мехоҳанд дар табиат истироҳат кунанд, тамошои мавзеи мазкур роҳатбахш аст. Вақте сайёҳ бо табъи болида бармегардад, ҳатман аз маконҳои дидааш ба ҳамватанонаш таъриф мекунад. Ин боис мегардад, ки сайёҳони бештар ба Тоҷикистон ҷалб  шаванд, – иброз дошт раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Варзоб дар бахши сайёҳӣ 1000 минтақаи истироҳатӣ сабт шудааст. Фаъолияти 110 минтақаи истироҳатии оммавӣ мавсимӣ буда, фаъолияти минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Комплекси лижаронии «Сафеддара» доимӣ мебошад, ки дар онҳо барои қабули сайёҳон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, мунтазам фаъолият доранд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар шашмоҳаи аввали соли 2023-юм 31 ҳазору 37 сайёҳи дохилию хориҷӣ бо минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзоб шинос шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8734 нафар зиёд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь