Ахиран, пас аз ним соли бе роҳбар будани курсии раиси суди шаҳри Панҷакент, ба ин мансаб Мирзоҳомидзода Диловар таъйин гардид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як фармони хеш Мирзоҳомидзода Диловар, собиқ судяи суди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғдро ба вазифаи раиси суди шаҳри Панҷакент таъйин намуд.
Мирзоҳомидзода Диловар фориғултаҳсили факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ буда, аз соли 2003 дар ҳокимияти судӣ ифои вазифа менамояд. Муддати 3 сол дар донишгоҳ аз фанни ҳуқуқ дарс гуфтааст. Солҳои 2011 то 2015 судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буд. Аз 11.02.15 дар вазифаи судяи суди ноҳияи Деваштич вилояти Суғд кор кардааст. Аз 12.12.17 бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси суди шаҳри Панҷакент таъин гардид. Оиладор соҳиби 4 фарзанд.
Мақомоти судии шаҳри Панҷакент зиёда аз 6 моҳ раис надошт. Аминзода Зокирҷон Тоҳир собиқ раиси суди шаҳри Панҷакент ҳанӯз моҳи майи соли равон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида буд.