Ба ҷойи Баротзода Файзулло, раиси собиқи шаҳри Бохтар, Муминзода Абдулмаҷид ба ин вазифа таъйин шудааст, ки муаррифии ӯ  пас аз зуҳри имрӯз баргузор мегардад.

Шаҳрдори нави Бохтар Муминзода Абдулмаҷид аз моҳи июли соли 2019 дар вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард. Ӯ зодаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мебошад. То ҳол расман ягон манбаи расмӣ дар ин бора хабар надодааст.

Ба ҷойи Холмурод Раҳмон раиси собиқи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Рустам Холиқзода таъйин шуд. Як манбаъ аз ноҳияи мазкур хабар дод, ки Рустам Холиқзода пештар муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буд ва ҳоло ба ҷойи Холмурод Раҳмон таъйин шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь