Дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён наздики 15 сол мешавад, ки як деҳа ба номи Янгиюл-2 таъсис ёфтаст.  Дар ин деҳа, ба гуфтаи масъулон, беш аз 300 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд. Сокинони ин деҳа солҳост аз надоштани оби тозаи ошомиданӣ, мактаб, бунгоҳи тиббӣ, ва майдончаи варзишӣ танқисӣ мекашанд.

Ба гуфти масъулони шуъбаи маорифи ноҳия дар ин деҳа беш аз 600 хонанда аз 7-сола то 18-сола ҳастанд, ки онҳо барои таҳсил 4-5 километр роҳро тай карда, 400 хонанда ба мактаби № 13 ва 200 хонанда ба мактаби № 11-и ноҳия мераванд.

Раиси ноҳияи Кӯшониён Вадизода Икромиддин дар нишасти хабарӣ имрӯз, 8 феврал, гуфт,  аз мушкилоти онҳо огоҳ аст ва  кушиш дорад, дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли кишвар мушкилоти аҳолии ин деҳаро бартараф кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь