Имрӯз, 4.02.2022, дар бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  нишасти матбуотии ин кумита баргузор гардид.

Хоҷазода Ориф, раиси кумитаи мазкур, оид ба фаъолияти кумита  ҷиҳати иштирок дар корҳои делиминатсия, демаркатсия ва редемаркатсияии сарҳадии давлатии ҶумҳурииТоҷикистон бо кишварҳои ҳамсарҳад қайд  кард, ки комиссияи ҳукуматӣ дар доираи гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ 8 вохӯрӣ бо намояндагони ҷониби Қирғизистон, 6 вохӯрии гурӯҳи кории топографии  ҳайатҳои Ҳукумати Ҷ.Т ва  Ҷ.Қ, 10 вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукумати Ҷ.Т ва  Ҷумҳурии Узбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону  Узбекистон гузаронида шудааст. Оид ба роҳи  баҳсӣ, чорроҳаи 275-метрае, ки соли 2009 ба Ҷумҳурии  Қирғизистон тибқи шартнома ба иҷора дода шуда буд, изҳор дошт, ки роҳи мазкур пурра ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, ва шартномаи мазкур нуқтаи ба сарҳади Қирғизистон тааллуқ доштани ин  роҳро рад  мекунад.

Инчунин, раиси Кумитаи замин зикр кард, ки дар соли 2021 майдони  умумии 1272 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд.

“Дар соли 2021 аз тарафи Кумитаи  давлатӣ  ва мақомоти маҳаллии он ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи заминаҳои таъйиноти кишоварзӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳои зарурӣ андешида шуд”, – қайд кард раиси Кумитаи замин.

Аз ҷониби кумитаи мазкур дар маҳал 11801 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда,  барои бартараф намудани ҳолати ошкоргардида дастур дода шудааст.

“Нисбати 10594 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 5400489 сомонӣ ба қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда  шуд, ки аз ин 4506950  сомонӣ ба  суратҳисоби  махсус  ворид карда шуд”, – илова кард Хоҷазода Ориф.

Дилноза Ҳукматуллоева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь