Имрӯз раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қарорҳоро ба имзо расонд, ки дар натиҷа кадрҳо дар дастгоҳи давлат аз вазифа озод, ба вазифаи дигар таъйин, ё ҷой иваз карданд.
Ҷолибтарин қарор ин буд, ки Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод аз вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ барканор шуд. Ин ҳамон нафарест, ки вақтҳои охир бо далели боло бурдани қиммати истифодаи зангҳои мобилӣ ва интернет, атрофи ниҳоди зери тобеъаш норозигии мардум афзуда аст. Аммо ӯ бо як қарор дигар ба вазифаи дигаре гузашт, ки ба долонҳои ҳукумат наздиктар аст.
Дар қарорҳо омадааст, ки Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Хуршед Исмоил бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуалимзода Абдукарим бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шаванд.
Ҳамин тавр, бо имзои раиси Ҳукумат Ҳукмиддинзода Хайриддин Ҳукмиддин муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ, Вализода Икромиддин Сироҷиддин сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Хуршед Исмоил сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Файзуллозода Файзулло муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуданд.
Дар акс Вализода Икромиддин