Раиси Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Кумитаи миллии олимпии Узбакистон мулоқот кард.

27-уми октябри соли 2021 дар шаҳри Тошканд, дар бинои Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон, раиси Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҷураев бо президенти Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон Рустам Шоабдураҳмонов мулоқот кард.

Дар ҷаласа муовини Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон, муовини аввали раиси Ассотсиатсияи муҳорибаҳои омехтаи Ӯзбекистон Шерзод Тошматов ва муовини Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон, раиси Федератсияи ҷудои Ӯзбекистон Азизҷон Комилов низ ширкат доштанд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи варзиш, таҳким ва рушди муносибатҳо дар соҳаи муҳорибаи омехтаи ғайрикасбӣ, табодули таҷриба ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ҷонибҳо дар бахши чорабиниҳои варзишӣ дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ мухокима шуданд.

Тавре таъкид гардид, сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар солҳои охир  баҳои баланд гирифта, Федератсияи санъати муҳорибаи омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории амиқ ва мутақобилан судманди халқҳои бародар дар ин соҳа дар минтақа ва Осиёи Миёна тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад. Сарфи назар аз он, ки таъсири густурдаи пандемии COVID-19 дар саросари ҷаҳон идома дорад, федератсия дар сатҳи системавӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидор ва рушди устувори варзиш дар минтақаҳо чораҳои фаъол меандешад.

Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки созишномаҳои ҳосилшуда ба рушди робитаҳои варзишӣ ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ хизмат хоҳанд кард.

Ёдовар бояд шуд, ки муҳорибаи омехтаи ғайрикасбӣ (ММА) дар Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ ҳамчун навъи расмии варзиш эътироф шудааст. Федератсияи санъати муҳорибаи омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шуда, соли 2019 аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштааст. Федератсия инчунин ба феҳристи  федератсияҳои варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь