9-уми феврали соли ҷорӣ бо иштироки  намояндагони ВАО дар бинои КВД БА ҶТ “Амонатбонк” нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Раиси Раёсати бонк  Салимзода Алиҷон зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки талабот ба қарзи имтиёзноки «Баҳор-2023» рӯз то рӯз меафзояд.

– Мо дар навбати худ саъйю кӯшиш мекунем, ки эьтимоди шаҳрвандон ба Бонк зиёд шавад. Ҳозир шаҳрвандон ба Амонатбонк эътимоди зиёд доранд, – афзуд раиси Раёсати бонк Салимзода Алиҷон.

Бонк иқдоми қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Баҳор-2023», « Автоқарз», «Занҳои муваффақ» ва « Таҳсил-2023», инчунин «Қарзҳои ипотекӣ»-ро роҳандозӣ кардааст.

Дар марҳилаи кунунӣ пешниҳоди қарзҳои Амонатбонк ба муштариён дар доираи 10 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 4,5 то 10 фоизи солона бо асьори хориҷӣ муайян карда шудааст.

Сандуқи қарзии Бонк 2,2 млрд. сомонӣ ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия зиёда аз 62 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022 ҳаҷми сандуқи қарзӣ 31 фоиз афзудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь