Бо натиҷагирӣ аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ додан ба камбудию норасоиҳои ҷиддӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва фаъолияти ҶСК “Тоҷик Эйр” раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ва директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов аз вазифа озод карда шуданд.

Дар ин бора вебгоҳи расмии президенти Тоҷиктсон хабар дода, навишт, ки имрӯз дар бинои Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати молия, Дастгоҳи иҷроияи президент, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” ва дигар идораҳои давлатӣ таъин шуданд, суҳбат кард.

Бо фармонҳои президент Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ба вазифаи ректори муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи идоракунии давлатии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Саидзода Иззатулло Ҳабибулло директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъйин гардиданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ ва Гулмуродзода Карим Гулмурод ба вазифаи муовинони вазири молия таъин гардиданд.

Ҳамчунин, бо Қарорҳои Ҳукумати мамлакат Икромӣ Сироҷиддин Салом раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Нуралӣ Марҳабо Мир муовини якум ва Сафарзода Бахтиёр муовини Ддиректори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Исматуллозода Дилшод Абдуғаффор директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” таъйин карда шуданд.

Дар асоси амрҳои президент Қурбонзода Исоҷон Ятим сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи президент, Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ аз вазифаи ректори муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи идоракунии давлатӣ” озод ва ба вазифаи сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи президент, Мирзозода Сунатулло Сироҷиддин сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи президент, Наимӣ Аъламхон Қодириён аз вазифаи мудири бахши Раёсати молия озод ва ба вазифаи Сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи президент ва Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаид аз вазифаи муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президент озод ва ба вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, таъйин шуданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар аз вазифаи муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав озод гардида, ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Суғд таъйин гардида, Шарипов Бахтиёр Маҳмудович муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь