Дирӯз расонаҳо хабар доданд, ки Раҳматилло Зоиров аз раъси раёсати Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки роҳбарии онро аз рӯзи аввали таъсиси ин ҳизб ба уҳда дошт, канор рафтааст.

Худи Зоирови 64-сола ба расонаҳо гуфт, ки истеъфояш бар асоси пешниҳоди ариза ба Шӯрои сиёсии ҳизб сурат гирифта, феълан раҳбариро Қиёмиддин Азизов ба дӯш дорад. Азизови 41-сола то ин дам ба ҳайси яке аз муовинони раиси ҲСДТ кор мекард. Баъзе аз аъзои раёсати ҳизб бо ин тағйирот розӣ нестанд ва хилофи оиннома медонанд.

Зоиров далели асосии аз роҳбарии ҳизб рафтанашро “ба вазъи саломатӣ” рабт додааст. “Дурудароз мондан дар мақоми раҳбарӣ” низ яке дигар аз сабабҳои рафтани Зоиров аз раёсати ҳизб будааст.

Баъзе аз ҳампаймонони Зоиров гуфтанд, ки бо тасмими охири ӯ розӣ нестанд. Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ, рӯзи 26-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, бар асоси оинномаи ҳизб дар сурати бемории раис масъулият ба зиммаи муовини аввал мегузарад, на каси дигар.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь