Барои ба эътидол овардани вазъи ноором дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар дидбонгоҳи гумрукии “Равод” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон гуруҳҳои корӣ вориди гуфтушунид шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Ҷониби Тоҷикистонро раиси КДАМ ҶТ генерал-полковник Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро раиси КДАМ-и ин кишвар Қамчибек Ташиев роҳбарӣ карданд. Дар мулоқот ҳамзамон вазирони корҳои дохилии ду кишвар, раисони  вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон ширкат варзиданд.

Зимни гуфтушунид ҷонибҳо аз зарурати эълони оташбас изҳори назар карданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон карда шавад.

Даргирӣ дар марз 14-уми сентябр шуруъ шуд ва ҳамон рӯз ба охир расид, аммо субҳи 16-уми сентябр дар тамоми хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон дубора муноқиша сурат гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь