Президенти Русия Владимир Путин гуфт, омода аст, дар ташаббуси посдорони сулҳи СММ дар Донбасс ҳуқуқи онҳоро барои муҳофизати маъмурияти Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) на танҳо дар хатти тамос, балки дар минтақаҳои дигар низ ба инобат гирад.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Кремл рӯзи душанбе, баъди суҳбати телефонии Путин бо канслери Олмон Ангела Меркел иттилоъ дод.

Манзур ин аст, ки кормандони СММ нозирони САҲА-ро на танҳо дар хатти тамос, балки дар минтақаҳои дигаре ҳам, ки Маъмурияти махсуси назоратии САҲА санҷиш мегузаронад, муҳофизат хоҳанд кард.

Қаблан Кремл мегуфт, ки посдорони сулҳ танҳо ба хатти тамос дар Донбасс ҷалб хоҳанд шуд. Дар ин ҳолат, мақому салоҳияти кормандони СММ бояд бо ҷудоихоҳони мусаллаҳ ҳамоҳанг карда мешуд.

“Путин ва Меркел ҳамчунин дар робита ба вазъи нимҷазираи Корея баъди амали ҳангомабарангези ахири Пхенян табодули назар карданд”, – афзудааст хадамоти матбуотии Кремл.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь