Президенти Русия Владимир Путин дар нишасти хабарии ниҳоии нишасти БРИКС дар Қазон бори нахуст дар бораи хабарҳо атрофи эъзоми низомиёни Куриёи Шимолӣ ба Русия барои ширкати эҳтимолӣ дар ҷанги зидди Укроин изҳори назар кард. ВВС менависад, вай ҳузури онҳоро дар Русия рад накард, аммо мушаххас накард, ки онҳо бо чӣ ҳадаф омадаанд.

Як рӯзноманигори ширкати телевизионии амрикоии NBC ба Путин савол дод. Вай гуфт, ки аксҳои моҳвораӣ ҳузури низомиёни куриёиро нишон медиҳанд. “Онҳо дар ин ҷо чӣ кор мекунанд?, – пурсид журналист. – Ва оё ин авҷгирии ҷиддии низоъ нест?”.

Путин вокуниш нишон дод ва бори дигар дар бораи табаддулоти давлатӣ дар Укроин дар соли 2014 гуфт: “Амалҳои Русия набуданд, ки боиси ташаннуҷ гардид”. Вай ҳамчунин кишварҳои ғарбиро дар муҷаҳҳаз кардани артиши Укроин ва кумак ба ҷанг ба он муттаҳам кард.

Путин ёдовар шуд, ки қаблан рӯзи панҷшанбе Думаи давлатӣ созишнома дар бораи “шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ” бо Куриёи Шимолиро, ки тобистони соли ҷорӣ президенти Русия дар Пхенян имзо карда буд, ба тасвиб расонд. Мувофиқи он агар як тараф тадид шавад расонидани ёрии ҳамдигарӣ  зарур аст.

“Моддаи 4 вуҷуд дорад” гуфт Путин. Ва ӯ афзуд: Пхенян “ба созишномаҳои мо ҷиддӣ муносибат мекунад”.

Дар моддаи 4-уми созишнома гуфта мешавад, ки «агар яке аз тарафҳо дар натиҷаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи як ё чанд давлат ба ҳолати чанг дучор шавад, тарафи дигар ба вай фавран бо тамоми воситаҳои дар ихтиёраш буда, мувофиқи моддаи Моддаи 51 Оинномаи СММ ва қонунҳои ҶХДК ва Федератсияи Русия ёрӣ мерасаонад».

Путин бидуни ироаи ҷузъиёти эъзоми нирӯҳои Куриёи Шимолӣ ба Русия ва ҳадафҳои онҳо, гуфт, “дар чаҳорчӯби ин матлаб чӣ кор ва чӣ тавр амал хоҳем кард, кори мост”.

“Бибинем, ки ин раванд чӣ гуна рушд мекунад”, гуфт ӯ ва баъд аз он гуфт, ки артиши Русия дар Укроин ҳоло “дар ҳама самтҳо бо итминон” амал мекунад.

Дар мавриди аксҳои моҳвораӣ, ки рӯзноманигори амрикоӣ ба он ишора кард, Путин хандид: “Суратҳо чизи ҷиддӣ мебошанд. Агар аксҳо вуҷуд дошта бошанд, ин маънои онро дорад, ки онҳо чизеро инъикос мекунанд”.

Куриёи Ҷанубӣ, Укроин ва Иёлоти Муттаҳида аз фиристодани нирӯҳои Куриёи Шимолӣ дар моҳи октябр хабар доданд. Бино ба иттилои истихбороти Куриёи Ҷанубӣ, Пхенян метавонад ба Русия 12 ҳазор сарбоз бифиристад.

Баъзеи онҳо, тавре ки ҳафтаи гузашта дар Сеул эълон шуда буданд, ба пойгоҳҳо дар Шарқи Дури Русия расиданд. Мақомоти Куриёи Ҷанубӣ бар ин боваранд, ки ин интиқол бо нақшаҳои Маскав дар бораи ҷалби низомиёни ҶХДК дар амалиёти ҷангӣ алайҳи артиши Укроин рабт дорад.

Вазири дифои ИМА Ллойд Остин як рӯз пеш гуфт, ки Вошингтон дар бораи ҳузури низомиёни Куриёи Шимолӣ дар Русия маълумот дорад, аммо қайд кард, ки ӯ дар бораи чӣ вазифаҳоро иҷро кардани онҳо маълумот надорад.

Остин гуфт, “далелҳо вуҷуд доранд, ки кормандони низомии Куриёи Шимолӣ дар Русия ҳастанд. Дар он ҷо маҳз чӣ кор мекунанд? Ин ҳанӯз равшан нест. Мо бояд ин ҳамаро муайян кунем”.

Рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal навишт, ки низомиёни Куриёи Шимолӣ бояд таҷрибаи воқеии амалиёти ҷангӣ дар ҷанг алайҳи Укроинро ба даст оранд ва гӯё фиристодани онҳо ба банди махфии созишномаи Маскав ва Пхенян, ки тобистони соли ҷорӣ аз ҷониби Путин имзо шуда буд, ҳатмӣ шудааст.

Дабири кулли NATO Марк Рютте рӯзи душанбе гуфт, ки Куриёи Шимолӣ барои пуштибонӣ аз Русия ба Укроин нерӯ мефиристад, ин як навъ “авҷи ташаннуҷ” хоҳад буд.

Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Укроин иддао дорад, ки аввалин воҳидҳои низомии Куриёи Шимолӣ, ки дар тамрингоҳҳои шарқии Русия тамрин гирифтаанд, аллакай ба вилояти Курск, ки дар авоили моҳи август аз сӯи нерӯҳои мусаллаҳи Укроин мавриди ҳамла қарор гирифта буд, ворид шудаанд.

Маскав қаблан гузоришҳо дар бораи фиристодани низомиён ҶХДК-ро шарҳ дода буд. Аз ҷумла, котиби матбуотии президент Дмитрий Песков шарҳ дода буд, аммо Путин бори аввал ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова як рӯз пеш гуфт, фаҳмидани он душвор нест, ки “ҳамаи ин ҳаёҳуй ва сарусадоро кӣ ва бо кадом мақсад оғоз кардааст”.

«Ҳамкории Русия бо ҶХДК ҳам дар соҳаи низомӣ ва ҳам дар дигар соҳаҳо, пеш аз ҳама, ба қонунҳои байналмилалӣ мувофиқ аст ва онро вайрон намекунад. Сониян, ин ба Куриёи Ҷанубӣ ҳеҷ зарару зиён намерасонад”, гуфт вай ба хабарнигорон.

Расонаҳои Куриёи Ҷанубӣ гузориш доданд, ки Сеул метавонад дар посух ба амалкарди Маскав ва Пхенян кумаки низомии худро ба Киев афзоиш диҳад ва ҳамчунин намояндагони худро барои назорат бар низомиёни ҶХДК ба Укроин бифиристад.

Путин дар нишасти хабарии ниҳоии BRICS ба суоли сардабири ВВС дар Маскав Стив Розенберг посух дод. Вай пурсид, ки изҳороти Путин дар бораи суботу амнияти ҷаҳонӣ ба амалкарди ӯ дар дуюним соли ахир ва таҷовуз ба Укроин чӣ иртибот дорад?

Рӯзноманигор ёдовар шуд, ки қабл аз оғози “амалиёти махсуси низомӣ” (ҷанг алайҳи Укроин) ҳеҷ гуна ҳамлаи бесарнишин ё тирборони шаҳрҳои Русия сурат нагирифтааст. Путин иқрор шуд, ки ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин вуҷуд надоштанд, “аммо вазъияти хеле бадтаре вуҷуд дошт” илова кард ӯ ва пас аз он бори дигар гуфтаҳои худро, ки Ғарб бояд ба талабҳои “пайваста ва устувор”-и Русия марбут ба NATO ва Укроин таваҷҷӯҳ кунад, такрор кард.

Мухбири «Коммерсант» Андрей Колесников пурсид, оё Путин барои хатми ҷанг дар Украина ба чӣ кор омода аст ва ба чӣ коре омода нест. Ҷавоб кӯтоҳ буд: вай омода аст гузинаҳои созишномаҳои сулҳро танҳо “дар асоси воқеиятҳои маъмулӣ” баррасӣ кунад, дигар ҳеч.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь