Исёни мусаллаҳонае, ки онро сардори «Вагнер» Евгений Пригожин ташкил кардааст, натиҷаи «ҷоҳталабии газоф» мебошад, ки ба хиёнат ва аҳдшиканӣ оварда расонд.

Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин дар як муроҷиати телевизионӣ ба шаҳрвандони Федератсияи Русия ва низомиён, инчунин ба онҳое, ки “бо фиреб ё таҳдид ба авантюраи ҷиноӣ кашида шуда, ба роҳи ҷинояти вазнин – шӯриши мусаллаҳона тела дода шуда буданд, вазъро чунин шарҳ дод.

Президент аз ошӯбгарон даъват кард, ки “хатои марговару фоҷиабор, ислоҳнопазир содир накунанд, роҳи дурустро интихоб кунанд – аз ширкат дар амалҳои ҷиноӣ даст кашанд”. Путин гуфт, ки мақомот ба ҳодисаҳои рухдода вокуниши шадид хоҳанд кард.

Чанд иқтибос аз муроҷиати Путин:

– “Вокуниш сахт мешавад, исёнгарон ҷазо хоҳанд гирифт. Мо ҳам халқамон ва ҳам давлатдории худро аз ҳар гуна таҳдидҳо ҳифз хоҳем кард. Аз ҷумла аз хиёнати дохилӣ”.

– Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар идорахои давлатӣ фармонхои заруриро гирифтанд.

– Дар Маскав, вилояти Маскав ва як қатор дигар вилоятҳо «тадбирхои иловагии дорои характери зиддитеррористӣ» ҷорӣ карда шуданд.

– Онҳое, ки «ба муқобили рафиқони худ яроқ бардоштанд, ба Русия хиёнат карданд ва барои ин ҷавоб хоҳанд дод».

Субҳи барвақт низомиёни гуруҳи «Вагнер» вориди Ростови лаби Дон шуда, қароргоҳи округи ҳарбии ҷанубӣ, фурудгоҳ, маъмурияти вилоят ва як қатор объектҳои дигарро муҳосира ва таҳти назорати худ гирифтанд. Раҳбари ширкати “Вагнер” Евгений Пригожин дар назди дурбин суҳбат карда гуфт, ки ӯ омадани сардори Ситоди генералии Федератсияи Русия ва вазири дифоъро талаб дорад.

“То он даме, ки онҳо наоянд, мо дар ин ҷоем ва шаҳри Ростовро муҳосира карда, ба Маскав меравем”, гуфт Пригожин.

Хадамоти бехатарии Русия алайҳи Евгений Пригожин бар асоси моддаи 279-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия “Исёни мусаллаҳона” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь