Президенти Русия Владимир Путин аз идеяи оташбаси 30-рӯза бо Укроин пуштибонӣ кард. Ин изҳорот пас аз суҳбати телефонӣ бо президенти ИМА Доналд Трамп садо дод.
“Дар ҷараёни суҳбат Доналд Трамп ба ҷонибҳои низоъ пешниҳод кард, ки дар тӯли 30 рӯз аз зарбаҳо ба иншооти инфрасохтори энергетикӣ худдорӣ кунанд. Владимир Путин ба ин ташаббус посухи мусбат дод ва дарҳол ба артиши Русия фармони мувофиқ дод”, – гуфта мешавад дар изҳороти Кремл.
Владимир Путин ҷонибдор будани Русияро ба ҳалли мусолиматомез бори дигар таъйид карда, бар зарурати аз байн бурдани сабабҳои аслии муноқиша ва ба инобат гирифтани манофеи қонунии амниятии Русия таъкид кард. Русия ва Укроин ҳамчунин тасмим доранд, ки аз ҳар тараф 175 сарбозро табодул кунанд. Илова бар ин, Русия 23 сарбози захмии украиниро, ки дар муассисаҳои тиббии Русия табобат мегиранд, интиқол медиҳад.
Владимир Путин ҳамзамон нисбати низомиёни украинӣ, ки дар иҳотаи вилояти Курск қарор доранд, қавл дод, ки башардӯстона амал кунад. Дар сурати таслим шудан ба онҳо тибқи қонунҳои Русия ва қонунҳои байналмилалӣ зиндагӣ ва муносибати муносиб кафолат дода мешавад.
Раҳбарони ду кишвар азми худро барои идомаи талошҳо барои ҳалли буҳрони Укроин дар формати дуҷониба таъйид карданд. Бо ин мақсад гурӯҳҳои коршиносии Русия ва Амрико таъсис дода мешаванд, ки дар таҳияи пешниҳодҳои мушаххас кор хоҳанд кард. Илова ба мавзуи Укроин, Путин ва Трамп дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла авзоъ дар Ховари Миёна ва минтақаи Баҳри Сурхро баррасӣ карданд.