Соли 2021-ум аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо нисбати 400 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз оварда шуд, ки ин нисбати соли 2020-ум 133 адад зиёд мебошад.

Варқа Зайниддин, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки аз 400 қарори ғайриқонунии эътирозовардашуда, 65 дарсади он ба қарори раисони амалкунанда тааллуқ дорад.

-Аз ҳисоби умумии қарорҳо  316 ҳолати он ба масалаҳои замин таълуқ доранд, -илова кард ӯ.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷаи 133 санҷиши прокурорӣ дар баратарфсозии қонунвайронкуниҳои замин 4 ҳазору 650 санади прокурорӣ бароварда шуда, бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 2 ҳазору 526 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.

– Инчунин, барои ғариқонунӣ додани замин, худсарона ишғол кардани замин ва дигар ҷиноятҳо 429 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, – гуфт Варқа Зайниддин.

Зикр шуд, ки бо санадҳои эътиноии прокурорӣ масоҳати 4 ҳазору  545 га қитъаи замини худсарона ишғол ва ғайриқонунӣ тақсимшуда, ба ҳолати аввала баргардонида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 425 га зиёд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь