Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон ба 194 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътиоз оварда шудавст, ки аз он 37,1 дарсадашон ба қарорҳои раисоне, ки ҳоло фаъолият доранд, рабт дошта, қисми зиёди он дар хусуси замин мебошад. Дар ин бора дар нишасти хабарии Прокуратураи вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар нишаст, ҳамчунин, зикр шуд, ки аз натиҷаи санҷишҳо оид ба бартарафсозии қонунвайронкуниҳо дар самти замин 1 ҳазору 40 санади прокурорӣ бароварда шуда, бо барасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 1 ҳазору 661 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, итизомӣ ва маъмурӣ кашида шуданд, ки ин рақм нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 400 адад зиёд аст.

Барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва худсарона ишғол карадани он  271 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 31 парванда зиёд аст.

Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ масоҳати 3 ҳазору 360 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ё ғариқонунӣ тақсимшуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 1 ҳазору 517 гектар зиёд аст.

Прокурори вилоят иттилоъ дод, ки аз ҷониби Прокуратураи генералӣ дар ноҳияи Вахш нисбати ду муовини  раиси ноҳия, раиси собиқи идораи замини ноҳия, раиси ҷамоти шаҳраки Киров ва муовинаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, чор парванда  ба итмом расида, ба суд фиристода шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь