Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар муноқишаҳои марзии рӯзҳои охир ҷониби Қирғизистонро ба барангехтани низоъ ва хунрезӣ муттаҳам кард.

Дар изҳорои ин ниҳод гуфта мешавад, ки 29 апрели соли 2021, тахминан соати 11, як гуруҳ хизматчии ҳарбӣ ва сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон иборат аз 200 нафар дар рубарӯи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и “Хоҷаи аъло”-и қисми ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мавзеи пости “Головной”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара, дар назди сарбанди обтақсимкунии “Головной” ҳангоми аз ҷониби муҳандисони тоҷик насб гардидани камераҳои мушоҳидавии қаблан мувофиқашуда ҷамъ омаданд.

Онҳо аз ягон масъала пурсон нашуда, бо иҷозат ва иштироки бевоситаи ҳокимияти расмӣ, алалхусус хизматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ карда, ҳамзамон ба буридани симчӯбе, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард, оғоз карданд. Ин иғво ба бетартибиҳои оммавӣ, ки аз ҷониби Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил шуда буд, мубаддал гашт.

Дар идома гуфта мешавад:

“Барои ба эътидол овардани вазъ ба ҷои ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин ҳозир шуданд, ки ба сӯи онҳо, новобаста аз мақоми расмиашон, аз силоҳи автоматикии оташфишон, бо мақсади ҷисман нест кардан, оташ кушода шуд. Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мардуми мулкӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Ба ин қаноат накарда, онҳо бо дастгирии шумораи боз ҳам зиёдтари хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии маҳаллӣ бо силоҳи оташфишон, техникаи ҳарбӣ ва дигар намуди силоҳи оташфишон ба аҳолии маҳаллӣ, объектҳои инфрасохторӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба халалдор сохтани тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасби ҳудуд ва хароб кардани моликияти хусусӣ ва давлатӣ равона шуда буд, ҳуҷуми мусаллаҳона карданд.

Дар натиҷаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи мазкур чанд нафар кушта, даҳҳо тан ярадор ва шумораи зиёди хонаҳои истиқоматӣ, иншооти сарҳадӣ, дигар иншооту объектҳои инфрасохтор сӯзонида шуданд. Ба шаҳрвандон ва давлат зиёни махсусан зиёди моддӣ расонида шуд.

Истифодаи қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлат бар зидди соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ё истиқлолияти сиёсии давлати дигар ё бо ягон тартиби дигаре, ки ба Оинномаи СММ ё дигар шартномаҳои байналмилалӣ мухолифат мекунад, ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад.

Аз ҷониби давлат фиристодани даста ё гуруҳи мусаллаҳ, ки амалҳои истифодаи қувваҳои мусаллаҳро бар зидди давлати дигар иҷро менамоянд ва хусусияти ҷиддӣ доранд, ҳамчунин ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад.

Бинобар ин, 29 апрели соли 2021 аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастрасии қисми 2, моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона) ва қисми 2 моддаи 104 (одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гуруҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Айни замон гуруҳи тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, тафтишот давом дорад”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь