18-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ — ИМА” ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард.

Дар ин сафар Президентро вазири корҳои хориҷӣ, ёвараш дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар дар иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид суханронӣ хоҳад кард. Ҳамчунин, дар ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Амрико, ки бо ширкати президентҳои ОМ ва ИМА баргузор мешавад, ҳузур хоҳад дошт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь