Даҳаи дуюми моҳи сентябр сафари расмии мақомоти баландпояи се давлат ба Тоҷикистон дар назар аст. Ба Душанбе бо сафари расмӣ президенти Русия Владимир Путин, президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва сарвазири Покистон Имрон Хон меоянд.
Ҳамзамон дар ин рӯзҳо баргузории 20 -умин саммити ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ ва мулоқоти сарони кишварҳои СААД дар назар аст.
Барои президенти тозаинтихоби Эрон Иброҳим Раисӣ сафари расмӣ ба Тоҷикистон аввалин сафари хориҷӣ дар ин вазифа хоҳад буд. Вай ҳамчунин дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай ширкат хоҳад кард, ки дар он масъалаи шомилшавии Эрон ба СҲШ баррасӣ мешавад. Дар ин бора расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳанд. Ҳоло Эрон ба мисли Беларус, Афғонистон, Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро дорад.
Теҳрон ҳанӯз соли 2005 дар Созмони ҳамкории Шанхай мақоми нозир гирифт ва пас аз он барои узвияти комил дар соли 2008 дархост дод, аммо то соли 2015 Эрон наметавонист бинобар таҳримҳои байналмилалии бар зиддаш эълоншуда ба узвияти ин иттиҳод пазируфта шавад. Тибқи муқаррароти СҲШ, кишваре, ки таҳти таҳрими Шӯрои амнияти СММ қарор дорад, наметавонад узви он шавад, бар зидди Эрон бошад чораҳои маҳдудкунанда татбиқ мешуданд. Таҳримҳо соли 2015, замоне бекор карда шуданд, ки Теҳрон барои маҳдуд кардани барномаи ҳастаияш розӣ шуд.
Ҳайати Афғонистон дар нишасти ҷашнии СҲШ иштирок намекунад. Дар ин бора намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба корҳои СҲШ, намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ Бахтиёр Ҳакимов дар мусоҳиба бо ТАСС хабар дод.