Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.

20 май маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро самимона истиқбол гирифт ва маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь